Сафири нави Тоҷикистон дар АМА нусхаи эътимодномаи худро супорид
Душанбе, 14.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 13 июн сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии АМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Аҳмад Абдураҳмон Ал-Ҷерман супорид.
Бино ба иттилои ВКХ ҶТ, дар ҳошияи маросими эътимодномасупорӣ мулоқоти дуҷониба баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи санадҳои дуҷонибаи зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМА моҳи марти соли равон ба имзорасида баррасӣ гардиданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии АМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Аҳмад Абдураҳмон Ал-Ҷерман ба Сафири навтаъйини кишвар дар АМА дар корҳои ояндааш муваффақият ва комёбиҳоро таманно намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






