Сафири навтаъйини Тоҷикистон ба Президенти Гурҷистон эътиборнома супорид

Июнь 2, 2016 16:42

Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли 2016 Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Саидов Зоҳир Озодович, ки қароргоҳаш дар шаҳри  Боку аст, эътиборномаи худро  ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид. Зимни супоридани эътимоднома, Сафир паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоӣ орзу карда, хостори густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Давид Ҷалаганиа ва сардори Департаменти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа Мераб Вашакидзе сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаи боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо густариш меёбад. Ҷонибҳо масоили умдаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Июнь 2, 2016 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст