Сафири навтаъйини Тоҷикистон ба Президенти Гурҷистон эътиборнома супорид
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли 2016 Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Саидов Зоҳир Озодович, ки қароргоҳаш дар шаҳри Боку аст, эътиборномаи худро ба Президенти Гурҷистон Георгий Маргвелашвили супорид. Зимни супоридани эътимоднома, Сафир паём ва таманниёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Гурҷистон расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар ва мардуми дӯсти Гурҷистон сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоӣ орзу карда, хостори густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мебошад.
Дар ҷараёни сафар мулоқоти Сафир бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Давид Ҷалаганиа ва сардори Департаменти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа Мераб Вашакидзе сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки робитаҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаи боварии мутақобила ва наздикии мавқеъҳо густариш меёбад. Ҷонибҳо масоили умдаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






