Хуҷанд, 27.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассуташ кишвари азизамон тавонист худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд. Нуздаҳ сол муқаддам, бо ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқўъ пайваст, ин барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.
Вобаста ба ин, дар ин рӯзе, ки тамоми сокинони Тоҷикистон 19-солагии Иди Ваҳдати миллиро таҷлил мегиранд, хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба заминаи пайдоиши ин неъмати бебаҳо барои ҳар як сокини кишварамон бо сартабиби Таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд (ТВВС) Санавбар Азизова ҳамсуҳбат гардид.
«Ховар»: Муаллимаи муҳтарам, сараввал мегуфтед, ки ба назари Шумо, чун як шаҳрванди Точикистон Ваҳдати миллӣ чист ва он кай моҳияти худро касб кард?
С.Азизова: Маҳфуми Ваҳдат ё ба истилоҳ Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пойдевори ҳастии ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, он барои ҳар сокини диёрамон дастоварди ниҳоят пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ ба шумор меравад.
Он чун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Нуздаҳ сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Худ огоҳед, ки аввалҳои солҳои 90-ум дар мамлакатамон ҷанги бародаркуш аланга зад ва дар чунин ҳолат ба даст овардани ризоияти миллӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ ва расидан ба зиндагии ором кори саҳлу осон набуд.
Маҳз Ваҳдати миллӣ миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшида, моро боз ҳам муттаҳидтар сохт. Чун сулҳу субот пойдор гашт, мо ба истиқлолияти ҳақиқӣ расидем. Аз ин лиҳоз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ бароямон муқаддас аст.
«Ховар»: Пас, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ то андозае ба рушд ва раванди давлатдории навини тоҷикон таъсир расонд?
С.Азизова: Албатта. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, барои ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид.
Маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик боз ба ҳам омад ва ин дастовард боиси он гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона эътироф намуд. Аз баракати ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба худ шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуданд. Имрӯз бо эътимоду боварӣ гуфта метавонем, ки пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо баръало дида шуда, дар мамлакат сохтмонхои азим оғоз гардида, ҳамчунин сатҳи камбизоатӣ низ бамаротиб коҳиш ёфтааст. Дар навбати худ созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ равнақи иқтисоди моро тайи чанд соли охир ба мушоҳида гирифта, воқеияти онро эътироф мекунанд, ки ин ҳама пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонем.
«Ховар»: Сулҳи байни тоҷикон таҷрибаи камназир дар ҷаҳон эътироф шудааст. Оё метавон гуфт, ки кишварҳои дигари ҷаҳон аз сулҳофарии тоҷикон истифода баранд?
С.Азизова: Албатта. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне музокира расидан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд, ки ин маънӣ худ ҳанӯз се ҳазор сол пеш дар китоби муқаддаси ниёгони мо —«Авасто» ёдрас гашта буд. Аз ин лиҳоз, боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, чун ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезаҳо, ба меҳнати осоишта дилгарм сохтани иштирокчиёни набардҳои шаҳрвандӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди омўзиш қарор гирифта, он барои ҳалли муноқишот дар минтақаҳои дигари даргирии ҷаҳон истифода мешавад.
Тавре маълум аст, дар марҳилаи кунунӣ авзои сиёсии ҷаҳон ҳар лаҳза тағйир меёбад, хусусан нуқтаҳои даргир, ки дар онҳо зиддиятҳои гуногун, пеш аз ҳама, низоъҳо ва бархӯрдҳои сиёсиву шаҳрвандӣ шиддат мегиранд, оламро дар ҳолати нооромӣ нигоҳ медоранд. Ин воқеият таҷрибаи сулҳи моро боз ҳам арзишманд мегардонад. Истифодаи ин таҷриба барои ҳалли низоъҳои дохилӣ мусоидати фаъол ва самарабахш хоҳад намуд. Аз ин рӯ, эътирофи амиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва истифодаи он аҳамияти хоси илмиву назариявӣ ва амалӣ дорад.
Дар ҳамин замина, миллати тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат, яке аз миллатҳои куҳанбунёду фарҳангии дунё, мутамаддину хирадпеша ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошад. Дар марҳилаҳои таърихӣ ва тақдирсоз метавонад, ки бо ҳам муросову мадоро намояд ва ҷангу низои дохилиро бартараф созад.
Ҳамчунин бояд таъкид намоям, ки маҳз натиҷаи ҳамин сулҳу ваҳдат буд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари Тоҷикистонро эътироф кардааст ва ташаббусҳои Президенти мамлакати моро дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, натиҷаи заҳматҳои Сарвари мамлакатамон дар ҷодаи сулҳ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон шинохта шуда, соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла унвони баланди фарҳангию сиёсии «Пешвои асри ХХI» гардид.
«Ховар»: Дар ин замина, ба ақидаи шумо ҳамчун роҳбар, оё метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ кайҳо ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст?
С.Азизова: Албатта! Танҳо баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ба сиёсати давлатӣ мубаддал ёфт. Ҳамасола, тибқи қонунгузории ҷумҳуриамон таҷлил гардидани 27 июн чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ғояи ин маҳфумро дар кишвар ба ғояи умумимиллӣ табдил дода, дар катори ҷашну идҳои миллӣ ва давлатӣ пешбинӣ гардидан- ин худ нишонаи арҷгузорӣ ба ин арзиши таърихӣ ва миллист. Инак, нуздаҳ сол мешавад, ки ин ид дар кишвар дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ таҷлил мегардад. Мардум аз хурд то бузург бо як рӯҳияи идонаи хосса онро ҷашн мегиранд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ин муносибат чорабиниҳои мухталифи маданиву фарҳангӣ ва оммавӣ доир мегарданд. Кулли сокинони мамлакат, ташкилоту муассисаҳо дастовардҳои назарраси худро ба ҳайси армуғони ҷашнӣ пешкаш менамоянд. Ин аст, ба фикри ман, мардумӣ гардидани ғояи ваҳдати миллӣ.
«Ховар»: Ба назари Шумо чун як шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз кадом масъалаҳои муҳим дар самти пешбурди кишвар дар мадди аввал меистанд?
С.Азизова: Ба ақидаи ман, дар самти пешбурди сиёсати давлатӣ масъалаҳое, ки ба беҳдошти вазъи некӯаҳволии мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувори мамлакат ва ҳифзи саломатии мардум равона шудаанд, муҳим ба ҳисоб мераванд. Яъне, ба истилоҳи дигар, таъмини пешравӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳо аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, давлату ҳукумат баҳри ноил гардидан ба амалишавии ҳадафҳои стратегии рушд, амсоли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Дар ин робита, худ чун зан- роҳбар баён медорам, ки имрӯз ҳар як сокини баору номуси кишвар бояд бо ин неъматҳои бебаҳо, чун Истиқлолият, Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз мо дорем, ифтихор кунад,ба кадраш расад ва то тавонад, онро ҳифз ва пос дорад, зеро сулҳ ва осоиштагӣ омили асосии пешравии ҳар давлату мамлакат ба ҳисоб рафта, он инчунин хотирҷамъиву ободии ҳар як халқу миллат аст.
«Ховар»: Дар ин рӯзҳои пурфараҳ чӣ таманниёте барои сокинони кишвар доред?
С.Азизова: Дар ин рӯзҳои идонаи пурфайз, ҷашни 19-солагии Иди сулҳу субот, якдиливу баҳамоӣ — Ваҳдати миллӣ ба тамоми мардуми соҳибистиклоли кишвар сарбаландиву некномӣ, тандурустиву саодати хонаводагӣ, осмони софу беғубор таманно дошта, гуфтаниям, ки бигзор қадами мубораки ин ҷашни маҳбуб ва ормонии миллати мо дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ файзу баракат оварад. Ид муборак ҳамватанони азиз.
-Ташаккур барои суҳбат.
— Ба шумо низ ташаккур.
Таҳияи Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ «Ховар», Суғд