Сарвазири мамлакат аз ҷараёни корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаи Хумб дидан кард
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2-юми июни соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син силу текстил» шинос шуда, дар минтақаи Кўлоб аз ҷараёни корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаи Хумб, қитъаи Шўрообод-Шоҳон дидан кард.
Сохтмони ҶСП «Ҷунтай Данғара Син силу текстил» моҳи декабри соли 2014 оғоз гардида, аз чор марҳилаи истеҳсолӣ- ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дузандагӣ иборат аст. Дар айни замон васлу насби таҷҳизот дар коргоҳи ресандагӣ бомаром идома дошта, наздик ба 300 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои босифати корҳои васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти ресандагӣ ҷалб сохта, аз ширкатҳои ҳамкор талаб намуд, ки барои дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи аввали корхонаи нассоҷӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаи Хумб, қитъаи Шўрообод-Шоҳон Сарвазири мамлакат маротибаи дуюм низ сифати корҳо ва иҷрои нақшаи таҷдиду навсозии роҳро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. Хотиррасон менамоем, ки ибтидои моҳи май бо дастуру супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Кўлоб — Қалъаи Хумб, қитъаи Шўрообод-Шоҳон шинос шуда, барои ислоҳи камбудиҳо ва тақвияти корҳои роҳсозӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, иҷрочиёни лоиҳа ва дигар шахсони масъулро вазифадор намуда буд. Барои сарфи назар кардани масъулияти иҷрои нишондиҳандаҳои корӣ дар давоми як моҳи охир муовини аввали вазири нақлиёт ва директори Маркази татбиқи лоиҳа огоҳонида шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар давоми моҳи май корҳои роҳсозӣ дар ҳаҷми 2 млн 212 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба нақшаи тақвимӣ нишондиҳандаи кам аст. Мавзеъҳои навсозӣ ва таҷдиди роҳ ба қитъаҳои алоҳида ҷудо ва барои иҷрои корҳо ташкилоту идораҳои роҳсозии ватанию хориҷӣ сафарбар карда шуда бошанд ҳам, сатҳу сифати корҳо беҳбудӣ талаб менамоянд.
Дар корҳои роҳсозӣ 516 нафар, аз ҷумла 457 нафар коргари маҳаллӣ ва 202 адад техникаю таҷҳизоти корӣ сафарбар карда шудааст.
Сарвазири мамлакат роҳбарияти Вазорати нақлиёт, маркази татбиқи лоиҳа ва дигар масъулини дахлдорро барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар иҷрои корҳои навсозию таҷдиди роҳ, афзун намудани шумораи коргарон, техникаву таҷҳизоти роҳсозӣ ва ислоҳи камбудию нуқсонҳои мавҷуда вазифадор намуд.








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






