Семинари омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ баргузор мешавад
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11-уми июни соли равон дар 15 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ баргузор хоҳанд шуд. Курсҳои омӯзишии мазкур дар 20 нуқта тибқи барнома ва модули омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Барои иштирок дар семинарҳо қаблан 3640 нафар ҳуҷҷат супорида буданд, ки аз ин шумора тибқи талабот ва арзёбии пешакӣ зиёда аз 2 ҳазору 200 нафар ба омӯзиш ҷалб шудаанд. Дар марказҳои имтиҳонӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, аз шумораи шахсони дар семинарҳо иштироккарда зиёда аз 1900 нафар ба кори муваққатӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Бояд тазаккур дод, ки семинарҳои омӯзишӣ барои 81 гурӯҳ аз ҷониби 46 нафар 26 тренер, ки Марказ қаблан онҳоро тибқи озмун интихоб карда, омӯзонидааст, инчунин 20 корманди худи Марказ гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






