Ш.Шоҳин: таъмини кишоварзон бо техникаи зарурӣ мушкилашонро осон гардонд

Июнь 24, 2016 08:21

Ш.Шоҳин, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бобати беҳ гардонидани  вазъи  иқтисодӣ,  таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи  аграрӣ ва  фаро гирифтани сокинон ба шуғл, кишоварзони ноҳия  бо техникаи зарурӣ таъмин гардиданд. Тавре ки Ёрмад Зарифов, сардори идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, бо ин мақсад  ба мақомоти худфаъолиятӣ ва 62 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони ноҳия  46 адад техникаи нав ва беш аз 10 мошинолоти кишоварзӣ дастарас гардид,  ки ба  васеъ гардидани майдони кишти зироат дар ноҳия мусоидат намуд.
Маҳз бо истифода аз ин шароити мусоид  соли равон анорбоғи мавзеи Даштиҷум ва  ангурбоғҳои деҳаи Чагам аз нав барқарор  шуда, дар мавсими тирамоҳу баҳор  дар майдони қариб 9 ҳазор гектар кишти зироати ғалладонагӣ гузаронида шуд.
-Кишоварзони ноҳия  зарурати  боз 3 адад техникаи нави соҳавӣ ва 14 адад мошинолоти кишоварзӣ,  аз ҷумла шаш адад ғаллакӯбакро барои сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосили имсола  дархост намудаанд, дар рӯзҳои наздик дастраси онҳо хоҳад гардид,- афзуд Ё. Зарифов.

Июнь 24, 2016 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд