Ш.Шоҳин: таъмини кишоварзон бо техникаи зарурӣ мушкилашонро осон гардонд
Ш.Шоҳин, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бобати беҳ гардонидани вазъи иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи аграрӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл, кишоварзони ноҳия бо техникаи зарурӣ таъмин гардиданд. Тавре ки Ёрмад Зарифов, сардори идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, бо ин мақсад ба мақомоти худфаъолиятӣ ва 62 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони ноҳия 46 адад техникаи нав ва беш аз 10 мошинолоти кишоварзӣ дастарас гардид, ки ба васеъ гардидани майдони кишти зироат дар ноҳия мусоидат намуд.
Маҳз бо истифода аз ин шароити мусоид соли равон анорбоғи мавзеи Даштиҷум ва ангурбоғҳои деҳаи Чагам аз нав барқарор шуда, дар мавсими тирамоҳу баҳор дар майдони қариб 9 ҳазор гектар кишти зироати ғалладонагӣ гузаронида шуд.
-Кишоварзони ноҳия зарурати боз 3 адад техникаи нави соҳавӣ ва 14 адад мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла шаш адад ғаллакӯбакро барои сари вақт ва беталаф ғундоштани ҳосили имсола дархост намудаанд, дар рӯзҳои наздик дастраси онҳо хоҳад гардид,- афзуд Ё. Зарифов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






