Хуҷанд, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 27-уми июни соли 1997 рўзи муборак ва солест, ки дар таърихи пуршарафи мардуми куҳанбунёд ва мутамаддини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар ин соли хуҷаста Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави таърихи худ қадам ниҳод. Вобаста ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба чанд паҳлӯ ва заминаи пайдоиши ин неъмати бебаҳо барои ҳар як сокини кишварамон бо раиси шаҳри Гулистон ва ҳамзамон раиси Шўрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳамсуҳбат гардид. Инак, муҳтавои муколама пешниҳод мегардад.
«Ховар»: Муаллимаи муҳтарам, сараввал мегуфтед, ки ба назари Шумо, чун як шаҳрванди Точикистон Ваҳдати миллӣ чист ва он кай моҳияти худро касб кард?
М.Амонзода: Мафҳуми Ваҳдат ва ё ба истилоҳ Ваҳдати миллӣ- ин пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пойдевори ҳастии ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, он барои ҳар сокини диёрамон дастоварди ниҳоят пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ ба шумор меравад. Ҳамон рўзе, ки хушбахтона, халқи бузурги мо бо ақлу хиради азалӣ, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт баъди музокироти сангину тўлонии зиёда аз чорсола Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркуши хотима гузошта шуд, ваҳдати миллӣ моҳияти хешро касб кард.
Агар мо аз Ватани азиз ва муқаддаси худ, аз миллати некманиш ва хайртинат ва ояндаи дурахшони ў умед дошта бошем, бояд ҳамин дастоварди бебаҳои худро мисли шарафи худ, мисли нангу номуси якдилу якҷон аз сари имон нигаҳбонию ҳимоят ва дар пояш ҷонфишонӣ кунем.
«Ховар»: Пас, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ то андозае ба рушд ва раванди давлатдории навини тоҷикон таъсир расонд?
М.Амонзода: Албатта. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланд ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, он бегуфтугӯ сарчашмаи кулли созандагиву ободкориҳо гардид.
Ваҳдат роҳи рушди ояндаи кишвари азизи тоҷиконро муайян ва масири бунёдкориву созандагиро мунаввар сохт. Истилоҳи корсозу чорагаре, чун «Ваҳдат»-ро ба бор овард, ки бародарро бо бародар ба сари оштӣ ва сулҳу дӯстӣ хонд. Дурҳоро ба ҳам наздик карду сари як хон нишонд.
«Ховар»: Сулҳи байни тоҷикон таҷрибаи камназир ва дар ҷаҳон эътирофшудааст. Оё метавон гуфт, ки кишварҳои дигари ҷаҳон аз сулҳофарии тоҷикон истифода бурда метавонанд?
М.Амонзода: Барои чӣ не? Ҳол он, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне музокира расидан мумкин аст. Ин ҷанге, ки панҷ сол давом кард, боиси ҳалокати 150 ҳазор нафар гардида, ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар зарар овард. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхта, дар кишварҳое, ки солҳои сол домангири ҷангҳои дохилӣ ҳастанд, мавриди татбиқ роҳандозӣ дорад.
«Ховар»: Дар ин замина, ба ақидаи шумо ҳамчун роҳбар, оё мо метавон гӯем, ки Ваҳдати миллӣ кайҳо ба сиёсати давлати табдил ёфтааст?
М.Амонзода: Албатта! Танҳо баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон Ваҳдати миллӣ ба сиёсати давлатӣ мубаддал ёфт. Аз лаҳзаи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардум ба ваҳдат, сулҳу суботи фарогир ва ояндаи неки дурахшони кишвару миллат бовар намуданд ва имрўз, хушбахтона, Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушду инкишоф ва дарёфти ҷойгоҳи боз ҳам муносибтари худ дар арсаи байналмилалӣ қарор дорад.
Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳисси масъулиятшиносӣ ва боварӣ ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар татбиқу амалисозии сиёсати ваҳдатгароёнаи Сарвари мамлакат саҳми арзандае сокинони кишвар гузошта бошанд.
«Ховар»: Ба назари Шумо имрӯз кадом масъалаҳои муҳим дар самти пешбурди кишвар дар мадди аввал меистанд?
М. Амонзода: Ба ақидаи ман, ин пеш аз ҳама, он масъалаҳое ҳастанд, ки Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти ғизоӣ, ки боиси пешрафти ҳамаи соҳаҳо дар Тоҷикистон мегарданду заминагузори мустаҳкамии Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Тавре дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ».
Дар ин замина, гуфтан ба маврид аст, ки истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷаи давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоист, ки зиндагии шоистаи аҳолиро таъмин менамояд. Аз ин хотир шояд ҳалли ин масъалаҳо дар мадди аввал бошад.
«Ховар»:Дар ин рӯзҳои пурфараҳ барои мардуми кишвар чӣ таманно доред?
М.Амонзода: Соли равон таҷлили 19-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ ба арафаи омодагиҳо ба ҷашни ҳумоюн ва бузурги 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Вобаста ба ин, бо иқтибоси Сарвари давлат: «Ин ду мафҳум, яъне истиқлолият ва ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд» гуфтан мехоҳам, ки қадами мубораки ин ҷашни маҳбуб ва ормонии миллати мо дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ бигузор файзу баракат ва шодиву фараҳ оварад.
-Ташаккур барои суҳбат.
— Ба шумо низ ташаккур.
Суҳбаторо Абдуаҳад Дадобоев, АМИТ “Ховар”, Суғд