Ширкати «Beeline» дар автобусҳо ва троллейбусҳои пойтахт интернети бепул ҷорӣ кард

Июнь 4, 2016 08:29

Душанбе, 04.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Beeline аввалин ширкати телекоммуникатсиониест, ки дар нақлиёти шаҳрӣ Wi-Fi муқаррар кардааст.  Марҳилаи заминагузории лоиҳаи «Beeline Wi-Fi Free» дар автобусҳо 18 апрели соли 2015 роҳандозӣ шуд. Дар марҳилаи мазкури лоиҳа танҳо дар 10 автобусе, ки бо хатсайрҳои  8 ва 18 ҳаракат мекунанд, таҷҳизоти махсус муқаррар карда шуд, ки ба мусофирон интернети бепулро пешкаш мекунад. Лоиҳа дар байни сокинони шаҳр дарҳол мухлисони зиёд пайдо кард ва  аллакай дар моҳи аввали фаъол гардидани лоиҳа 800 ГБ иттилоъ интиқол дода шуд. Пас аз як сол ҳаҷми трафик аз нишондиҳандаи 8700 ГБ боло рафт. Нақлиёти машҳуртарин барои серфинги интернет-саҳифаҳо автобусҳои хатсайри 8 мебошанд, ки дар онҳо 70% интернет-трафики умумӣ интиқол дода шуд.

«Имсол мо ҷашнвораи 10-солагии Beeline-ро дар Тоҷикистон қайд мекунем. Бо инобати ин санаи барои ҳамаи мо муҳим ва боло рафтани шуҳрати «Beeline Free Wi-Fi», мо миқдори нақлиёти ҷамъиятиро бо интернети бепул 3 маротиба афзун намудем ва ба ғайр аз автобусҳо, ба лоиҳа боз 10 троллейбусро, ки бо хатсайрҳои 9 ва 12 ҳаракат мекунанд, шомил кардем. Тавсеаи «Wi-Fi Beeline Free» дар нақлиёти шаҳрӣ ин саҳми мо ба рушди Душанбе ҳамчун пойтахти муосири инноватсионӣ мебошад. Мо нақша дорем, ки лоиҳаро дар масофаи берун аз ҳудуди Душанбе паҳн созем ва нақлиёти минтақаҳоро бо интернети бепул  таъмин намоем. Мо ин корро дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо Beeline ҳузур дорад, аллакай иҷро карда будем ва мехоҳем, ки Тоҷикистон низ аз онҳо қафо намонад», — гуфт сардори кулли Beeline Константин Колесов.

Лоиҳаи «Beeline Free WiFi» тавассути шабакаи 3G-и Beeline татбиқ ёфта, ба мизоҷон имкон медиҳад, ки аз интернети баландсуръати мобилӣ дар автобусҳои ҷамъиятӣ ба таври ройгон истифода баранд. Аз хизматгузории мазкур муштариёни ҳамаи оператороне, ки дастгоҳҳои WiFi-адаптердор доранд, танҳо бо интихоби нуқтаи дастрасии «Beeline Free WiFi» истифода бурда метавонанд. Интернети ройгон дар автобусҳо ва троллейбусҳо барои тафтиш кардани почтаи электронии худ, даромадан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, дарёфт намудани иттилои лозимӣ дар сайтҳои ҷустуҷӯӣ ва хондани ахбору китобҳо аз тариқи онлайн махсусан қулай аст. Автобусҳо ва троллейбусҳоеро, ки дар онҳо сокинони пойтахт ва меҳмонони шаҳр метавонанд аз интернети бепул истифода баранд, аз рӯйи рамзҳои WiFi дар дохил ва беруни воситаҳои нақлиётӣ шинохтан мумкин аст.

«Мо аз роҳандозӣ шудани лоиҳа дар троллейбусҳоямон хеле шод ҳастем. Ин амал барои тарғиби нақлиёти ҷамъиятӣ дар байни ҷавонон ёрӣ расонда, онро боз ҳам матлуб ва ҷолиб мегардонад. Ин сатҳи нави хизматрасонӣ аст, ки мо пешкаши мусофирон менамоем ва он мусоидат мекунад, ки мусофирон вақти барои сафар сарфкардаашонро ба таври пурра фоидаовар ва самаранок гузаронанд», — мегӯяд директори МД «Троллейбус» Хайрулло Камолов.

 

 

 

 

Июнь 4, 2016 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад