Қӯшунҳои сарҳадӣ соҳиби 7 мошини нави роҳпаймои таъйиноташ умумӣ гардиданд

Июнь 7, 2016 14:55

Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо «Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳадҳо» (EXBS) 7 мошини нави роҳпаймои таъйиноташ умумӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар гардондани фаъолияти таъмини амният дар сарҳад ва ҷилавгирӣ аз қоҷоқи аслиҳаи қатли омро тақдим намуд. Мошинҳои мазкур барои бо шитоб кашонидани ҳайати шахсӣ ва бор ба ҳама ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон истифода хоҳанд шуд. Инчунин қисми муайяни қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири мошинҳо таъмин шудааст.
Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайриқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кумак мерасонад.
Сафорати ИМА дастгириро ба Ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки аз ҷониби Сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.

Июнь 7, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад