Қӯшунҳои сарҳадӣ убури ғайриқонунии интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд
Душанбе, 01.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёт гузаронида, убури ғайриқонуниро бо кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ карданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, 29 май ҳангоми гузаронидани амалиёт, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик қочоқчиён итоат накарда, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд.
Сарҳадбонони тоҷик чусту чолокӣ ва муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён захмдор шуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






