Сиёсати далатии ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳари Душанбе бо иштироки як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ватандӯстӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ суҳбат доир гардид.
Дар чорабинӣ масъалаҳои дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкидшуда мавриди муҳокимаи масъулин қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Асусгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхориҳои хосса зоҳир намуда, мавқеи ҷавононро ҳамчун қувваи бузург ва пешбаранда дар татбиқи сиёсату ҳадафҳои созандаи мамлакат арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, ки ба наздикӣ дар назар дошта шудааст, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал мусоидат менамоянд.
Бо мақсади татбиқи Фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин замина ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо, ҷамъиятҳои илмию таълимӣ ва касбӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии онҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он Шӯрои маҳалии кор бо ҷавонон имрӯз фаъолият доранд.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






