Сокини шаҳри Ҳисор бо далели қаллобӣ дастгир гардид
Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн пас аз ворид гардидани муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Ҳисорро бо гумони ба ҷинояти қаллобӣ даст заданаш дастгир намуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 756 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин марди гумонбаршуда аз боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе суиистифода намуда, 23 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазор доллари амрикоиашро гирифта, бозпас нагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






