Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби сода гирифтани шаҳрвандӣ бекор карда мешавад
Душанбе,28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро қабул намояд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» муҳокима гардиданд
Инчунин аъзои Шӯро бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ, Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳо бо мақсади такмили фазои ҳуқуқии кишвар таҳия гардидааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






