Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тартиби сода гирифтани шаҳрвандӣ бекор карда мешавад

Июнь 28, 2016 12:01

Душанбе,28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ояндаи  наздик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бехатарии сейсмикӣ»-ро қабул намояд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси  намояндагон, ки  таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.       Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» муҳокима гардиданд
Инчунин аъзои Шӯро бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ, Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳо бо мақсади такмили фазои ҳуқуқии кишвар таҳия гардидааст.

Июнь 28, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!