«Субҳи Ватан»-и Исфара тасмим гирифтааст, ки 30 номгӯй консерваҳои мевагию сабзавотӣ истеҳсол намояд
Душанбе, 01.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ дар роҳбаладии муовини Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдузафар Инъомов ба шаҳри Исфара рафт.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд, ҳадафи сафар- шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, сатҳи анҷоми умури вобаста ба кишт, нигоҳубин ва нашъунамои зироат буд.
Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» боздид ба амал оварда, ба вазъи парвариши гандуму помидор ва маккаи дон, ҳамчунин вазъи чорводорӣ мароқ зоҳир намуд.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур дар майдони 40 гектар маккаи дони навъи «Синзян» бо мақсади гирифтани тухмии баландсифат кишт карда шудаасту ҳоло дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ корҳои селексионӣ бурда мешаванд.
Дар фермаи ширию молии хоҷагӣ 350 сар чорвои калони шохдори зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешавад.
Зимни боздиди Изатулло Сатторӣ ва ҳамроҳонаш аз ҶДММ «Субҳи Ватан» иттилоъ дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатии 46 нафара тасмим гирифтааст соли равон якуним миллион куттии шартӣ ва беш аз 30 номгӯй консерваҳои мевагию сабзавотӣ истеҳсол намоянд.
Вазири кишоварзӣ дар интиҳои сафари худ ба Исфара аз боғҳои сиёҳолу, ки дар майдони 2 гектар бунёд шудаанд, дидан намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






