«Субҳи Ватан»-и Исфара тасмим гирифтааст, ки 30 номгӯй консерваҳои мевагию сабзавотӣ истеҳсол намояд

Июнь 1, 2016 10:38

Душанбе, 01.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ  дар роҳбаладии муовини Раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода ва сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдузафар Инъомов ба шаҳри Исфара рафт.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии кишвар хабар доданд,  ҳадафи сафар- шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, сатҳи анҷоми умури вобаста ба кишт, нигоҳубин ва нашъунамои зироат буд.
Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем» боздид ба амал оварда, ба вазъи парвариши гандуму помидор ва маккаи дон, ҳамчунин вазъи чорводорӣ мароқ зоҳир намуд.
Зимнан иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагии мазкур дар майдони 40 гектар маккаи дони навъи «Синзян» бо мақсади гирифтани тухмии баландсифат кишт карда шудаасту ҳоло  дар якҷоягӣ бо мутахассисони чинӣ корҳои селексионӣ бурда мешаванд.
Дар фермаи ширию молии хоҷагӣ  350 сар чорвои калони шохдори зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешавад.
Зимни боздиди Изатулло Сатторӣ ва ҳамроҳонаш аз ҶДММ «Субҳи Ватан» иттилоъ дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатии 46 нафара тасмим гирифтааст соли равон якуним миллион куттии шартӣ ва беш аз 30 номгӯй консерваҳои мевагию сабзавотӣ истеҳсол намоянд.
Вазири кишоварзӣ дар интиҳои сафари худ ба Исфара аз боғҳои сиёҳолу, ки дар майдони 2 гектар бунёд шудаанд, дидан намуд.

Июнь 1, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа