Тақдими эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ

Июнь 22, 2016 16:50

Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат Заробиддин Қосимӣ ва сафирони нави дигар давлатҳоро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ, ки дар ҳузури роҳбарияти давлату ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷараён гирифт, Заробиддин Қосимӣ паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд дар ҷараёни суҳбат бо сафирони тозатаъйин дар мамлакат, аз ҷумла ба масоили вобаста ба таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ моҳи январи соли 2016 бо сафари расмӣ ташриф оварда буд. Ин боздид, ки дар ҷараёни он  миёни ду кишвар 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, маориф ва таҳсилоти олӣ, илм ва технология, ҷавонон, варзиш ва алоқаи ҳавоӣ ба имзо расида буд, ба рушди муносиботи дӯстонаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳарду ҷониб барои татбиқи амалии натиҷаҳои ин сафар ва дигар санадҳои ҳамкорӣ, ки миёни ду кишвар амал мекунанд, пайваста талош меварзанд. Аз ҷумла, соли равон баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар назар аст.

Июнь 22, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад