Тафсилот аз ҷараёни бозиҳои Ҷоми Амрико оид ба футбол
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷоми Амрико-2016 оид ба футбол, ки аз 4 июн шурӯъ шуд, бо номи «Ҷоми 100-солаи Амрико» ( Copa América Centenario) муаррифӣ мешавад. Ҳанӯз соли 1916 дар Амрикои Ҷанубӣ аввалин силсилаи мусобиқот байни дастаҳои ин қитъа оғоз ёфта буд, ки аз он сад сол сипарӣ мешавад.
Мусобиқаи имсолаи Ҷоми Амрико ғайринавбатӣ буда, ғолибаш дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсия -2017, ки дар Русия мегузарад, ширкат намеварзад. Дар мусобиқаи имсола 16 даста дар 4 гурӯҳ бо ҳам рақобат доранд.
Дар гурӯҳи «А» имрӯз дастаи мунтахаби Амрико дар дуввумин вохӯриаш бар тими мунтахаби Коста Рика бо натиҷаи ибратбахши 4:0 ғалаба карда, ҳангомаро баъди бохташ аз дастаи Колумбия бо ҳисоби 2:0 аз сари сармураббиаш Юрген Клинсмани олмонӣ дур сохт. Дар ин гурӯҳ баъди ғалабаи дуввум Колумбия бо 6 имтиёз пешсаф шуд. Ин даста имрӯз тими мунтахаби Парагвайро бо нишондоди 2:1 ноком кард ва пеш аз муҳлат ба бозиҳои плей-офф роҳхат гирифт. Амрикоиҳо бо се хол дар гурӯҳ дуввуманд.
Даври дуввуми бозиҳои гурӯҳи «В» субҳи рӯзи дигар сурат мегиранд, ки дар он дастаҳои мунтахаби Бразилия бо Гаити ва Эквадор бо Перу вориди майдон мешаванд. Дар садри ҷадвали ин гурӯҳ бо 3 имтиёз футболбозони Перу ҳузур доранд.
Дар гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Мексика ва Венесуэла бо 3 холӣ пешсафанд. Ямайка ва Уругвай то ҳол ба гирифтани хол муваффақ нашудаанд.
Дастаи мунтахаби Аргентина, ки ба гурӯҳи «Д» шомил аст, дар вохӯрии аввал бар дастаи мунтахаби Чилӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Соли гузашта дар финали бозии Ҷоми Амрико маҳз Чилӣ дар вохӯрии ниҳоӣ Аргентинаро бо натиҷаи 4:1(аз зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ) шикаст дода буд. Футболбозони тими мунтахаби Панама баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Боливия(2:1) бо се имтиёз тими мунтахаби Аргентинаро пайгирӣ мекунанд.
Бозиҳои имсолаи Ҷоми Амрико-2016 то 27 июн идома меёбанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






