Таъйини ҷазо барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Саидов Солеҳҷон Ҷабборович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Хоҷамбиёи боло, хонаи 3 бо айбдорӣ аз рӯи моддаи 286, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки Саидов Солеҳҷон Ҷабборович аз моҳи марти соли 2016 дидаю дониста, ки бидуни қайди давлатӣ ва иҷозатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон муомилот бо асъори хориҷӣ ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад, 11-уми апрели соли 2016 дар назди бозори Варзоб, воқеъ дар хиёбони Рўдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Акбаров Комрон Зиёдуллоевич маблағи 2700 доллари ИМА-ро бо қурби 1 доллари ИМА баробар ба 7,89 сомонӣ харидорӣ карда, бо ин роҳ ба ивази ғайриқонунии доллари ИМА машғул шудааст, ки дар маҷмуъ маблағи ивазкардаи ў бо қурби асъори миллӣ 21 ҳазору 303 сомониро ташкил медиҳад.
Судшаванда Саидов Солеҳҷон Ҷабборович дар маҷлиси судӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои мазкур худашро пурра гунаҳгор шуморида, дархости хаттӣ дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби содакардашудаи тафтиши судӣ пешниҳод кард.
Мутобиқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда Саидов Солеҳҷон Ҷаборовичро сабук мекунанд, ин ҷавон будан, бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш пурра иқрор шудан, сидқан пушаймон будан аз кирдори содиркардааш ва ихтиёран талофӣ кардани зарари моддии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда мебошад. Тибқи талаботи моддаи 347 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳалли масъалаи далелҳои шайъиро муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки далелҳои шайъӣ- маблағи 21 303 сомониро, ки дар маводи парванда нигоҳ дошта мешаванд, ба судшаванда Саидов С.Ҷ. баргардонида шаванд.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Саидов Солеҳҷон Ҷаборович бо моддаи 286, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 21 880 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин гардид.








14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






