Таъйини ҷазо барои суиқасд дар иштироки амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлати дигар
Душанбе, 07.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Шайхов Аҳлиддин Файзиддинович, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод, кӯчаи Спитамен №34, хонаи №2 бо айбдорӣ аз рӯи моддаҳои 32, қисми 3 — 401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Суд муайян намуд, ки А. Шайхов соли 2011 бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар карда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш ба шаҳрванди Тоҷикистон Қиёмиддин Рузалиев ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Доғистон бо номи Муҳаммад вохӯрда, бо таклифи онҳо тахминан моҳи сентябри соли 2015 дар шабакаи интернетии Зелло барномаи «Роҳнамо ба сӯи «Давлати исломӣ»- ро гӯш намуда, даъвати онҳоро барои шомил шудан ба гурӯҳи экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Ҳол он ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 ташкилоти мазкур ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эътироф шудааст.
Сипас А. Шайхов бо ҳамроҳии Қ. Рузалиев ва як шаҳрванди Федератсии Русия бо номи Салмон бо мақсади ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намудан моҳи сентябри соли 2015 тавассути тайёра бо хатсайри Астрахан-Истанбул ба давлати Туркия парвоз намудаанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро як аъзои ин созмони террористӣ бо номи Аҳмад, миллаташ доғистонӣ пешвоз гирифта, тахминан то нимаи аввали моҳи декабри соли 2015 дарсҳои ақидавӣ гузаронида, тахминан 20 декабри соли 2015 ба воситаи мошини мусофиркаш ба шаҳри Газиантепи давлати Туркия, ки бо Ҷумҳурии Сурияи Араб ҳамсарҳад мебошад, бурдааст, ки ҳангоми убури сарҳад онҳоро кормандони милиса дастгир намудаанд.
Судшаванда А. Шайхов дар мурофиаи судӣ худашро бо айби эълонкарда пурра гунаҳгор шуморида, тибқи талаботи моддаи 311 КМҶ ҶТ нишондодҳои дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ додаашро дастгирӣ карда, илова намуд, ки ў ба доми фиреби ҷинояткорон афтода, ба ин амал даст задааст ва аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад. Номбурда иброз намудааст, ки дар Тоҷикистон модари танҳо дорад, ки ҷиянҳои аз марҳум хоҳараш мондаро тарбия карда истодааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъйин карда шавад.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Шайхов Аҳлиддин Файзиддинович бо моддаҳои 32, қисми 3-401 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда бо дастрасии моддаи 15 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъйин гардид.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






