Ташкилоту муассисаҳои Суғд барои зимистонгузаронӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд
Душанбе, 04.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарраёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир ба зимистонгузаронӣ доир шуд, ки дар он масъулини соҳаҳои маорифу тандурустии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои марбута ва аъзои ситод иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода гуфт, ки бо мақсади омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қарорҳои марбутаи раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, ситодҳои минтақавӣ баргузор шуданд. Таъкид карда шуд, ки дар ин давра барои ноҳияҳои субвенсионӣ 1,5 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ маблағ ҷудо карда мешавад ва то ҳоло аллакай 769 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷети чунин ноҳияҳо интиқол дода шудааст. Дар ҷаласа зикр гардид, ки то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 828 тонна ва дар соҳаи маориф 1374 тонна ангишт захира карда шудааст.
Муовини раиси вилоят вазъи омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоятро ба тирамоҳу зимистони дарпешистода таҳлил намуда, барои сари вақт харидорӣ намудани ангишт ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Ба таъкиди Заробиддин Файзуллозода, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар доираи захираи ангишту ҳезум маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 бояд ҳаматарафа омода бошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






