Ташкилоту муассисаҳои Суғд барои зимистонгузаронӣ ҳаматарафа омодагӣ мебинанд

Июнь 4, 2016 08:49

Душанбе, 04.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Сарраёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир ба зимистонгузаронӣ доир шуд, ки дар он масъулини соҳаҳои маорифу тандурустии вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои марбута ва аъзои ситод иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода гуфт, ки бо мақсади омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қарорҳои марбутаи раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, ситодҳои минтақавӣ баргузор шуданд. Таъкид карда шуд, ки дар ин давра барои ноҳияҳои субвенсионӣ 1,5 миллион сомонӣ аз буҷети вилоятӣ маблағ ҷудо карда мешавад ва то ҳоло аллакай 769 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷети чунин ноҳияҳо интиқол дода шудааст. Дар ҷаласа зикр гардид, ки то имрӯз дар соҳаи тандурустӣ 828 тонна ва дар соҳаи маориф 1374 тонна ангишт захира карда шудааст.

Муовини раиси вилоят вазъи омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоятро ба тирамоҳу зимистони дарпешистода таҳлил намуда, барои сари вақт харидорӣ намудани ангишт ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Ба таъкиди Заробиддин Файзуллозода, омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар доираи захираи ангишту ҳезум маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 бояд ҳаматарафа омода бошанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

 

 

Июнь 4, 2016 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст