Ташрифи ҳайатҳои баландпояи ИА, САҲА ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба Тоҷикистон
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 11 июни соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳои баландпояи ИА, САҲА ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ташриф меоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ хабар доданд.
Аз ҷумла, 6 июни соли 2016 ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсии дуҷониба байни Тоҷикистону Австрия ба Тоҷикистон сардори раёсати Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия, Сафир Ҳайдемария Гюрер ташриф меорад.
Инчунин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи кории мақсадноки Тоҷикистону САҲА аз 6 то 9 июни соли 2016 ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сардори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА сафир Марсел Пешко ба Душанбе хоҳад омад.
Ҷиҳати ширкат дар Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо 8-11 июни соли 2016 сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Тойво Клаар ба Душанбе меояд.
9 -11 июни соли 2016 ташрифи Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






