Ташрифи ҳайатҳои баландпояи ИА, САҲА ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба Тоҷикистон

Июнь 2, 2016 10:29

Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 11 июни соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайатҳои баландпояи ИА, САҲА ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ташриф меоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ хабар доданд.
Аз  ҷумла, 6 июни соли 2016 ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсии дуҷониба байни Тоҷикистону Австрия ба Тоҷикистон сардори раёсати Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Австрия, Сафир Ҳайдемария Гюрер ташриф меорад.
Инчунин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи кории мақсадноки Тоҷикистону САҲА аз  6 то 9 июни соли 2016 ҳайати САҲА таҳти роҳбарии сардори Маркази пешгирии низоъҳои САҲА сафир Марсел Пешко ба Душанбе хоҳад омад.
Ҷиҳати ширкат дар Муколама оид ба ҳуқуқи инсон байни ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо 8-11 июни соли 2016  сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Тойво Клаар ба Душанбе меояд.
9 -11 июни соли 2016 ташрифи Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Июнь 2, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд