Театри замонавӣ — туҳфа ба аҳли фарҳанг

Июнь 20, 2016 10:07

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар маркази вилоят шаҳри Қурғонтеппа бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳр бунёд мегардад.
Тибқи иттилои намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳоло дар иншоот корҳои рангуборкунӣ ва васли таҷҳизот идома доранд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев, директори Театри вилояти мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа дар суҳбат иброз дошт, ки «…Он чизе ки имрӯз мо, ҳунармандон мехостем-сохтмони чунин театр буд. Бунёди театри нав дар шаҳри Қурғонтеппа ҷавобгӯи талаботи муосир буда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои эҷодии ҳунармандон шароити хуб фароҳам хоҳад овард.
Оромию осудагии кишвар, самараи Истиқлолияти сартосарии диёр аст,  ки бунёди чунин театри нав насиби ҳунармандони асил хоҳад шуд. Дар остонаи таҷлили ҷашни сарнавиштсозии миллат-25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар театри нав кушода мегардад ва мо аҳли ҳунар дар бинои зебову барҳаво, ки тамоми шароити муосирро дорост, фаъолияти худро оғоз хоҳем кард».

Июнь 20, 2016 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад