Тоҷикистон танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардидааст

Июнь 21, 2016 11:41

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Стратегияи миллии рушд дар ҳудуди мамлакат 2000 километр роҳҳои автомобилгард, 132 километр хатти роҳи оҳан, 200 адад пул ва 31 километр нақб бунёду таҷдид гардида, ба истифода дода шуданд. Ин нуктаро зимни суханронии хеш дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ҷаласа таъкид намуда, чунин илова кард: «Тавассути бунёд ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ рафтуомад, боркашонӣ ва тиҷорати дохиливу байналмилалӣ осон ва дастрас гардид, ки ҳамаи ин барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани мо мусоидат намуд».
Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушд бо иштироки аъзои Шӯро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, намояндагон ва коршиносони Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки то аввали солҳои 2000-ум тамоми неру ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои таъмини сулҳу субот, барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ, ба Ватан баргардонидани фирориён ва таъмини ваҳдати миллӣ равона шуда, танҳо аз аввали солҳои 2000-ум марҳалаи рушд оғоз гардида, пешрафти босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, энергетикӣ, иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногун таъмин карда шудааст.

Июнь 21, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад