Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ вусъат медиҳанд

Июнь 23, 2016 16:54

Душанбе, 23.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода  бо ҳайати Барномаи гурӯҳҳои мудофиаи граждании  Сафорати Штатҳои Мутаҳидаи Америка  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷереми Вишневски  вохурӣ  гузаронид.
Тарве ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, роҳбари кумита  ба  меҳмонон дар бораи тадбирҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, оид ба  вазифаҳо ва ваколатҳои кумита, дар бораи механизмҳои мубориза бо ҳолатҳои фавқулода, таҳким ва навсозии заминаи моддию техникӣ ва иқтидори таълимии воҳидҳои сохтории кумита ва дурнамои ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа маълумот  дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули иттилоот ва таҷриба, таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумаки техникӣ ва методӣ ва  баландбардории малакаи касбии кормандонро баррасӣ намуданд.
Ҷ. Вишневски дар бораи тадбирҳои Ҳукумати ШМА дар масъалаҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маълумот дод.
Инчунин   зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идома додани ҳамкорӣ   дар самти  паст кардани хатари офатҳои дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ  изҳори  умед карданд.

Июнь 23, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст