Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ вусъат медиҳанд
Душанбе, 23.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Барномаи гурӯҳҳои мудофиаи граждании Сафорати Штатҳои Мутаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷереми Вишневски вохурӣ гузаронид.
Тарве ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, роҳбари кумита ба меҳмонон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода, оид ба вазифаҳо ва ваколатҳои кумита, дар бораи механизмҳои мубориза бо ҳолатҳои фавқулода, таҳким ва навсозии заминаи моддию техникӣ ва иқтидори таълимии воҳидҳои сохтории кумита ва дурнамои ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа маълумот дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули иттилоот ва таҷриба, таълим ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, расонидани кумаки техникӣ ва методӣ ва баландбардории малакаи касбии кормандонро баррасӣ намуданд.
Ҷ. Вишневски дар бораи тадбирҳои Ҳукумати ШМА дар масъалаҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маълумот дод.
Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идома додани ҳамкорӣ дар самти паст кардани хатари офатҳои дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ изҳори умед карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






