Тоҷикистонро боз рӯзҳои гарм интизоранд
Душанбе, 28.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон давоми панҷ рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 43 дараҷа мерасад.
Бинобар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 3 июл дар тамоми ноҳияҳои водии Тоҷикистон ҳавои соф пешгӯӣ шуда, рӯзҳои 30 июн -1 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Баландтарин ҳарорат дар ин рӯзҳо дар минтақаи ҷанубии ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст, ки то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Хатлон ҳавои ғуборолуд дар назар аст. Мизони поинтарин ҳарорат дар ВМКБ буда, интизор меравад 33 дараҷа гарм шавад.
Дар Душанбе ва Суғд низ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, харорати ҳаво то ба 41 дараҷа гармӣ хоҳад расид .
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, чунин гармӣ дар охири моҳи аввали тобистон аз рӯи нишондод мувофиқи меъёр дониста мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






