Tоҷикобод: сохтмони биноҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолият вусъат меёбад
Тоҷикобод, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони иншооти гуногун анҷом ёфта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Муҳимтарини онҳо бинои меҳмонхона барои 50 ҷой дар маркази ноҳия, бинои 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 24-и деҳаи Навобод мебошанд, ки сохтмонашон дар арафаи анҷомёбист.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 3 иншоот ба маблағи 555 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 226 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон то ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ) 8 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, аз ҳисоби Фонди Оғохон кашидани хатти оби нўшокӣ ба маблағи 685 ҳазор сомонӣ бо дарозии умумии 12 км дар деҳаи Файзбори ҷамоати Нўшор, аз ҳисоби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) хатти оби нўшокии деҳаи Лангари шоҳи ҷамоати Лангари шоҳ бо маблағи 138 ҳазор сомонӣ ба дарозии 4,5 км ва аз ҷониби соҳибкорон 4 мағозаи тиҷоратӣ ва 2 нуқтаи сўзишворӣ ба маблағи 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






