То охири ҳафта ҳавошиносон ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд
Душанбе, 23.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои камабри беборишро ҳавошиносон рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, аз 24 то 26 июн дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии минтақаи шимолӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар ҷануб то 40 ва дар ноҳияҳои марказ то ба 39 дараҷа хоҳад расид.
Пагоҳ, 24 июн дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 18-23, рӯзона 34-39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 16-21, рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 12-14, рӯзона 34- 36 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 12-17, рӯзона то 31-36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 25-30; дар шарқи вилоят шабона 1-6, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






