Толиб Рифоӣ, Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ: «Тоҷикистон кишварест ҳамчун биҳишти кашфношуда»
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 июн дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Аҳтам Абдуллозода бо Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ Толиб Рифоӣ баргузор шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумита А.Абдуллозода ташрифи Толиб Рифоиро ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, вобаста ба дастовард, мушкилот ва имкониятҳои соҳаи саёҳӣ мубодилаи афкор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба инфрасохтори сайёҳӣ, заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфросохтори соҳа, инчунин баланд бардоштани иқтидори ширкатҳои сайёҳӣ дар бозори байналмилалӣ мавриди баррасӣ қорор дода шуданд.
Ҷонибҳо аз имкониятҳои васеи ҳамкории дуҷониба ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки барои боз ҳам тавзеҳ бахшидани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ боз ҳам чораандешӣ намоянд.
Дар мулоқот доир ба ҳалли масъалаҳои соҳа, махсусан дар омода намудани кадрҳо ва баланд бардоштани имиҷи соҳаи кишвар тавоқуф ба даст омад.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки якчанд кадрҳои ҷавони Тоҷикистон барои омӯзиш дар соҳаи сайёҳӣ дар давлати Испания фаро гирифта, дар худи Тоҷикистон семинарҳои махсуси омӯзишӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор карда шаванд.
Инчунин имконияти ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии туристӣ қабул гардидани ширкатҳои муваффақи сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Толиб Рифоӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари биҳишти кашфношуда арзёбӣ намуда, мақсади ташриф оварданашро ба Тоҷикистон ба дастгирӣ ва мусоидат намудан дар воридшавии сайёҳони хориҷӣ, баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи байналмилалӣ, инчунин тавонмандии ширкатҳои туристӣ рабт дод.
«Тоҷикистон дар дунё мақому манзалати хоса дорад. Ин миллат бо Пешвои муаззамаш аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа эҳтирому эътибор пайдо намудааст» — таъкид дошт зимни суханронии хеш Толиб Рифоӣ, Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ.
Дар фарҷом барои боз ҳам зиёд намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва дигар самтҳои хизматрасонии марбут ба соҳа тавсияҳои судманд дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






