Ҳукми шахсони гумонбаре, ки дар хориҷи кишваранд, дар ғайби онҳо бароварда мешавад

Июнь 22, 2016 14:38

Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/.  Минбаъд дар Тоҷикистон  ҳукми шахсони гумонбар ва нафарони ҷинояткоре, ки  ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд ва ба кишварҳои хориҷӣ фирор намудаю дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, бе иштироки онҳо, яъне ғоибона аз ҷониби суд бароварда мешаванд.
Дар иртибот ба ин 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Раҳмон  Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии ҷумҳурӣ ки моҳияти масъалаи мазкурро дар назди вакилон шарҳ дод, гуфт, ки  тӯли солҳои охир таҳлили равандҳои ҷиноятӣ дар кишвар бозгӯи онанд, ки шахсони гумонбар ва гурӯҳҳои ҷиноятие, ки ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, истирдод ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо бенатиҷа мемонад.
Таъкид гардид, ки  ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти гуманистӣ дорад, зеро агар гумонбаршуда ва он нафароне, ки ҷиноят содир намудаю дар хориҷи кишвар қарор доранд ва нисбат ба онҳо ғоибона парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст,  ихтиёран ба Тоҷикистон баргарданд ва  ба суд муроҷиат намоянд, парвандаи онҳо бозбинӣ карда мешавад.
Додситони кулли кишвар афзуд, ки дар ин самт таҷрибаи қонунгузории бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ,  назири Русия, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Июнь 22, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад