Ҳукми шахсони гумонбаре, ки дар хориҷи кишваранд, дар ғайби онҳо бароварда мешавад
Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Тоҷикистон ҳукми шахсони гумонбар ва нафарони ҷинояткоре, ки ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст задаанд ва ба кишварҳои хориҷӣ фирор намудаю дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, бе иштироки онҳо, яъне ғоибона аз ҷониби суд бароварда мешаванд.
Дар иртибот ба ин 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии ҷумҳурӣ ки моҳияти масъалаи мазкурро дар назди вакилон шарҳ дод, гуфт, ки тӯли солҳои охир таҳлили равандҳои ҷиноятӣ дар кишвар бозгӯи онанд, ки шахсони гумонбар ва гурӯҳҳои ҷиноятие, ки ҷиноятҳои вазнин содир намудаанд, дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, истирдод ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо бенатиҷа мемонад.
Таъкид гардид, ки ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти гуманистӣ дорад, зеро агар гумонбаршуда ва он нафароне, ки ҷиноят содир намудаю дар хориҷи кишвар қарор доранд ва нисбат ба онҳо ғоибона парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст, ихтиёран ба Тоҷикистон баргарданд ва ба суд муроҷиат намоянд, парвандаи онҳо бозбинӣ карда мешавад.
Додситони кулли кишвар афзуд, ки дар ин самт таҷрибаи қонунгузории бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, назири Русия, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон мавриди истифода қарор гирифтааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






