Ваҳдат: 465 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд

Июнь 30, 2016 09:50

Ваҳдат, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли 2016 шаш маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ ташкил намуда, ба воситаи корхонаю муассисаҳо ва бахшу шуъбаҳои шаҳр 465 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд.  Инчунин курсҳои касбомӯзӣ ташкил намудаанд, ки 320 нафар, аз ҷумла 219 нафар занҳо бо сертификати касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, боғдорӣ, ниҳолпарварӣ, қолинбофӣ, замбӯри асалпарварӣ, омӯзиши компютер ва устои сартарош таъмин шуданд.
Раёсати шуғли аҳолии шаҳри Ваҳдат то ин муддат ба 33 нафар сокинони эҳтиёҷманд 101 ҳазору 200 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок додааст, ки ҳоло онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Июнь 30, 2016 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад