Вазири корҳои дохилӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кормандони милитсия ба ВМКБ сафар кард

Июнь 21, 2016 16:49

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ намуда, аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар вилояти мазкур дидан кард.
Вазири корҳои дохилӣ бо рафти хизматбарӣ, шароити корӣ ва фаъолияти кормандони милитсия шинос шуда, дар саҳни бинои Раёсат бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар ВМКБ баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки тинҷию амонӣ ва пешрафти ҷомеа аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, ҳар як корманди милитсия бо матонату иродаи қавӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва масъулияти том бояд ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намояд.
Ҳайати шахсии РВКД ва Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар ВМКБ иброз доштанд, ки бар зидди ҷинояткорӣ, қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ ва кирдорҳои ғайриқонунӣ муборизаи беамон бурда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша омодаанд.

Июнь 21, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад