Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ хизмати ройгони тиббӣ мерасонад
Хоруғ, 7.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон се рӯз боз дар ВМКБ ба қишри камбизоати ҷомеа хадамоти ройгони тиббӣ мерасонанд. Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- клиникии стомотология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯи ин вазорат Маҳмадулло Қосимов гуфт, ки бо дастури Пешвои миллат кормандони мо ба шаҳру навоҳии вилоят сафари хизматӣ доранд ва дар ин се рӯз вазъи саломатии бештар аз 500 нафар аз сокинони вилоятро мавриди муоина ва табобат қарор доданд. Дар баробари ин ба иддае аз сокинон барои ҳифзи саломатӣ тавсияю маслиҳатҳои ройгон дода шуданд.
Як тан аз бошандагони шаҳри Хоруғ, нафақахӯр Меҳриниссо Гулбекова сафари ин «Корвони саломатӣ»-ро ба вилоят саривақтӣ арзёбӣ карда, баён дошт, ки тағйирёбии обу ҳавои чанд соли охир ба сиҳатии одамон, бахусус солмандон низ асари манфӣ мегузорад.
Аз ин рӯ, онҳо ба ташхису табобати бештар ниёз доранд. Мо аз хизмати тиббӣ ва муносибати дилсӯзонаи ин табибон минатдорем.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






