ВКД: боздид аз хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод
Душанбе, 2.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июн вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба минтақаи Рашт сафар намуда, боздиди худро аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод оғоз намуд.
Барои се гектар хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод аз масофаи 8 километр об оварда шуда, заминҳои корам шодоб гардидаанд.
Дар хоҷагии ёрирасони мазкур навъҳои гуногуни маҳсулот, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва дигар маҳсулоти обчакорӣ: лаблабу, помидор, бодиринг, боимҷон, каду, сабзаҷот ва дигар анвои маҳсулот парвариш ёфта, ҳамасола ҳосили хуб медиҳанд.
Чунин ҳосили хуби сабзавоту меваҷот ба масъулин шароит фароҳам меоварад, то ҳайати шахсӣ, қисмҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо сабзавоту меваҳои тоза таъмин гардида, ҳамзамон барои фасли зимистон анвои гуногуни нӯшоба, қиёми помидор ва хӯришҳои хуштаъмро захира намоянд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод ба масъулини соҳа барои нигоҳубини заминҳои корам, парвариши маҳсулоти ниёзи аввалия ва ба даст овардани ҳосили хуб дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сафари вазири корҳои дохилӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






