ВКД: касоне, ки барои дастгир намудани ҷинояткори фирорнамуда кӯмак менамоянд ё хабар медиҳанд, мукофотонида мешаванд

Июнь 18, 2016 09:33

Душанбе, 18.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 17-июни соли равон соати 20.45 аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон:
1. Додохонов Рамзуллохон  Ҷӯрабоевич  20.04.1988 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ки барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд;
2. Юсупов Ҳабибҷон Анварович 05.02.1980 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд;
3. Қаюмов Мирзозариф Мирзошарифович 05.06.1986 соли таваллуд, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 сол аз  озодӣ маҳрум гашта буд, бо маслиҳати пешакӣ кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳиро намуданд. Ҳангоми фирор яке аз онҳо Қаюмов М.М. дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони муассиса бо истифодаи силоҳи оташфишон нобуд карда шуд.
Юсупов Ҳ.Н. бо зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир шуда, Додохонов Р.Ҷ. баъди зарари ҷисмонӣ бардоштан аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои дастгир намудани ҷинояткор андешида истодаанд.
Касоне, ки барои дастгир намудани ҷинояткори фирорнамуда, Додохонов Р.Ҷ. кӯмак менамоянд ё хабар медиҳанд ба маблағи пулӣ мукофотонида мешаванд.

Июнь 18, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд