Вохӯрии кормандони осорхонаи Хатлон бо мактаббачагони лагери «Соҳил»

Июнь 30, 2016 14:26

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар истироҳатгоҳи бачагонаи  Ҷамоати деҳоти  Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо мураббиён ва зиёда аз 81 нафар мактаббачагони лагери «Соҳил» дар мавзӯи «Дубора месозамат Ватан» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар  вохӯрӣ кормандони осорхона бо бошандагони лагери «Соҳил» оид ба  мафҳумҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва  таърихи гузаштаи халқи тоҷик суҳбати озод  доир намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат кормандони осорхона барои бошандагони лагери «Соҳил» намоиши сайёри нигораҳоро ташкил намуданд. Дар намоиш оид ба нигораҳои гилине, ки ба асри IX мелодӣ мутааллиқанд, маълумот доданд.
Баргузории ин гуна вохӯриҳо дар байни мактаббачагон дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо саҳми босазо хоҳад гузошт.

Июнь 30, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад