Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо роҳбари тозатаъйини Дафтари САҲА
Қурғонтеппа, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 июни соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо роҳбари тозатаъйини Дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Иван Ене баргузор гардид.
Зимни мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи тараққиёти иҷтимоӣ-иқисодии вилоят сухан ронда, зикр кард, ки вилояти Хатлон аз вилоятҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзии бештар дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ба иттилои Д. Гулмаҳмадзода, айни ҳол дар вилоят масоҳати боғҳо зиёд шуда, талабот барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пайдо шудааст. «Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон муҳайё карда шавад»,-зикр кард Д.Гулмаҳмадзода.
Инчунин раиси вилоят гуфт, ки солҳои охир барои рушди соҳибкорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида барои рушди соҳибкорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Роҳбари Дафтари саҳроии САҲА Иван Ене зикр кард, ки айни ҳол фаъолияти ин ташкилот дар вилоят дар самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Иван Ене дар бораи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун зикр кард, ки ҳамкорӣ дар оянда хуб ба роҳ монда мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






