Яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк муваққатан ба номи Муҳаммад Алӣ номгузорӣ шуд
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ню-Йорк муваққатан яке аз кӯчаҳои шаҳрро ба ифтихори муштзани машҳури Амрико Муҳаммад Алӣ номгузорӣ карданд,- иттилоъ медиҳад «Газета.ру».
Алӣ 3 июн дар 75-солагӣ ба ҳалокат расид.
«Имрӯз мо ба ин шахсият дар маркази шаҳрамон арҷгузорӣ мекунем. Ӯ сазовори он аст, ки ба ифтихори ӯ кӯчае номгузорӣ шавад»,-иттилоъ медиҳад «The Telegraph» бо иқтибос аз суханони мири шаҳр Билл де Блазио.
Ивази номи кӯча ба таври доимӣ танҳо дар асоси тасдиқи Шӯрои шаҳрӣ ва имзои қарор аз ҷониби шаҳрдорӣ сурат мегирад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






