Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд — 2016» 17-18-уми июн баргузор мегардад
Душанбе. 14.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 ва 18 июн дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд — 2016» баргузор мегардад.
Маросими ифтитоҳи расмии ярмаркаи байналмилалӣ 17 июн оғоз меёбад ва дар назар аст, ки тӯли рӯз байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштирокчӣ гуфтушуниду мулоқот сурат гирифта, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Дар доираи ярмарка дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Анҷумани доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва интиқоли технологияҳои муосир» баргузор мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






