«Зенит»-и Санкт-Петербург Халкро ба маблағи 56 миллион евро фурӯхт
Душанбе,29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бошгоҳи «Зенит»-и СанктПетербург фурӯхта шудани ҳамлагари даста- Халкро ба яке аз клубҳои давлати Чин тасдиқ кард. Ин бозингари бразилиягии «Зенит» минбаъд шарафи тими «Шанхай Теллейс»-ро ҳимоя мекунад. Бино ба хабари сухангӯи дастаи «Зенит» Дмитрий Симмерман Халк имрӯз аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба ҳайати дастаи нави худ мепайвандад. Маблағи шартнома 56 миллион евроро дар бар гирифта, боз 2 миллиони дигар ба ҳайси туҳфа(бонус) пешбинӣ шудааст.
Ёдрас бояд шуд, ки то кунун аз Премйер-лигаи Русия ягон бозингар бо чунин маблағи баланд фурӯхта нашуда буд. Ҳанӯз соли 2013 ҳамлагари дастаи «Анҷӣ» Виллиан бо арзиши 35,5 миллион евро ба КФ «Челсӣ» гузаштааст.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






