«Зенит»-и Санкт-Петербург Халкро ба маблағи 56 миллион евро фурӯхт

Июнь 29, 2016 11:00

Душанбе,29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бошгоҳи «Зенит»-и СанктПетербург фурӯхта шудани ҳамлагари даста- Халкро ба яке аз клубҳои давлати Чин тасдиқ кард. Ин бозингари бразилиягии «Зенит» минбаъд шарафи тими «Шанхай Теллейс»-ро ҳимоя мекунад. Бино ба хабари сухангӯи дастаи «Зенит» Дмитрий Симмерман Халк имрӯз аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба ҳайати дастаи нави худ мепайвандад.  Маблағи шартнома 56 миллион евроро дар бар гирифта, боз 2 миллиони дигар ба ҳайси туҳфа(бонус) пешбинӣ шудааст.
Ёдрас бояд шуд, ки то кунун аз Премйер-лигаи Русия ягон бозингар бо чунин маблағи баланд фурӯхта нашуда буд. Ҳанӯз соли 2013 ҳамлагари дастаи «Анҷӣ» Виллиан бо арзиши 35,5 миллион евро ба КФ «Челсӣ» гузаштааст.

Июнь 29, 2016 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид