15 сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Гулистон таҷлил мешавад
Гулистон, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо иштироки наздик 20 нафар рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Зимни он раиси шаҳри Гулистон Матлуба Сатториён нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро ба риштаи таҳлил кашида, таъкид намуд, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар сатҳи дилхоҳ рушд намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли 2016 қисми даромади буҷети давлатӣ 102,3% ва буҷети маҳаллӣ 102,7 % иҷро гардид. Ҳамзамон дар ин замина ба ду соҳаи асосӣ — маориф ва тандурустӣ 9,2 млн. сомонӣ ё 67,0% маблағи буҷет равона карда шуд.
Боиси зикр аст, ки аз ҷониби 30 корхонаи саноатии шаҳр дар ин давра ба маблағи 877 млн. 419,0 ҳаз.сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, аз шумораи умум 16 коргоҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 103,9% то ба 221,1% расониданд. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба иқтисодиёти шаҳр 229 млн. сомонӣ сармояҳо ҷалб гардиданд, ки аз он 61 млн. сармояи дохили мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботи 15 адад иншоотҳои истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки тибқи қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ аз моҳи апрели соли равон 15 сентябр ҳамчун Рӯзи шаҳри Гулистон кқбул карда шуда, айни замон баҳри таҳияи рамзи шаҳр озмун эълон гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






