228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсилоти ғайрирасмии динианд

Июль 12, 2016 12:27

Душанбе, 12.07.16. /АМИТ Ховар/. Айни ҳол, тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 228 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсилоти ғайрирасмии динианд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсола дар соли 2016 раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Бинобар иттилои С. Давлатзода, дар давраи ҳисоботӣ, кумита тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намудааст.
Маълум гардид, ки 3233 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то дастур 1947 нафар ва баъди дастур 1059 донишҷў баргаштанд. Дар маҷмўъ 3006 донишҷў ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 57 нафарашон дубора ба ҷои таҳсили пешинаашон баргаштанд.
«Новобаста аз кӯшишҳои кумита, ҳанӯз ҳам шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо роҳҳои гуногун ба хориҷа барои гирифтани таълими динӣ мераванд»,- афзуд раиси кумитаи мазкур.

Июль 12, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад