32,5 тонна шакари бо роҳи қочоқ воридгардида аз Қирғизистон ошкор шуд

Июль 26, 2016 16:30

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар/. Дар шимоли кишвар гумрукчиёни тоҷик воридоти ғайриқонунии беш аз 32 тонна шакарро ба маблағи қариб 210  ҳазор сомонӣ аз Қирғизистон пешгирӣ намуданд.
Зимни амалиёти муштараки кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ва Прокуратураи вилояти Суғд  дар шаҳри Хуҷанд, дар анборе,  ки ба шаҳрванди 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Р.Х тааллуқ дошт, қариб 26 ҳазор кг шакар ва 143 халтаи холии шакар, ки аз он 6700 кг қанди сафед коркард гардида буд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Маълум гардид,  ки  шаҳрванд Р.Х бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷ. ном шаҳрванди Қирғизистон бо роҳи қоҷоқ аз Қирғизистон 650 халта шакари истеҳсоли Озарбойҷонро, ки вазни умумиаш 32, 5 тоннаро ташкил медод, ба ҳудуди ҶДММ «Сано»-и шаҳри Хуҷанд барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ  ворид намудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳолат нисбат ба шаҳрванд Р.Х. парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардидааст.

Июль 26, 2016 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!